Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқбол дар фурудгоҳи шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон

28.02.2017 19:00, Покистон

Шоми рӯзи 28 феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ вориди шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии меҳмони олимақом горди фахрӣ ва оркести нафасӣ саф кашида, майдони фурудгоҳ бо парчамҳои Тоҷикистону Покистон, аксҳои сарони давлатҳои ду кишвар ва шиору навиштаҷот оро ёфта буд.

Дар маросими истиқболи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, аз тупхонаҳо шиллик паронда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520