Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия

27.02.2017 18:13, шаҳри Душанбе

Баррасии масоили марбут ба муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун ва муштаракоти стратегии Тоҷикистону Россия ба таври мушаххас дар музокироти сатҳи баланд бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат идома ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи худ ва мардуми Тоҷикистон ба ҷониби Федератсияи Россия барои қадршиносии талошҳои бесобиқа ва хизматҳои шоистаи роҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон дар рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ бо мукофоти олии Федератсияи Россия Ордени Александр Невский изҳори сипос намуда, ин тадбирро рӯйдоди рамзию таърихӣ дар соли таҷлил аз 25-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия арзёбӣ намуданд

Тавре таъкид карда шуд, ҷониби Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии худро бо Федератсияи Россия аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ дониста, ба идомаи бобарору манфиатбахш ва рушду густариши бемайлони онҳо бо назари нек менигарад.

Таваҷҷуҳи бештар ба таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, муҳоҷират, илму марориф, фарҳанг, туризм ва ҳамкории байни вилоятҳою шаҳру ноҳияҳои ду кишвар зоҳир карда шуд.

Зикр шуд, ки Федератсияи Россия дар тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқею мақоми назаррас дошта, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду давлат бо назардошти таъсирҳои омилҳои беруна дар соли 2016 беш аз як миллард доллари америкоиро ташкил додааст.

Дар раванди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳамгироӣ дар бахши саноати нефту газ зоҳир гардид ва барои афзун намудани ҳаҷми сармоягузориҳо дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги афзалиятнок изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ҷиҳати тақвият бахшидани робитаҳо барои фароҳам овардани шароити созгори афзуннамоии ҳаҷми содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Россия фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда, дар ин замина тақвияти муносибатҳои бевоситаи байни вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҳамдигарро махсус таъкид намуданд.

Дар музокироти сатҳи олӣ вобаста ба ҳалли мушкилоти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират пешниҳод карда шуд, ки ҳукми хориҷ ва манъи вуруди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ва ба қаламрави Федератсияи Россия, ки ҳуқвайронкуниҳои маъмурии ночиз (сабук) доранд бозбинӣ шуда, ин гурӯҳи шаҳрвандон мавриди авф қарор дода шаванд.

Вусъат бахшидани бунёди муассисаҳои таълимӣ, омӯзиши фарохтари забони русӣ, афзун намудани квотаҳои таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии Россия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, омода намудани мутахассисони соҳаҳои фарҳангу эҷодиёт ва густариши равобити доираҳои илмию фарҳангӣ ва иттиҳодияҳои эҷодӣ аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг арзёбӣ шуд.

Тавре таъкид шуд, табодули таҷрибаи ширкату идораҳои туристии Тоҷикистону Россия ва ҷалби сармоя ба беҳдошти инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон метавонад барои баланд бардоштани мартабаи туризм дар раванди муносибатҳои манфиатбори байнидавлатӣ нақши муасир гузорад.

Ҷониҳо таҳкими ҳамкории амниятӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникии ду давлатро аз воситаҳои муҳими баланд бардоштани омодагии ҳарбӣ, заминаҳои техникӣ ва қудрати дифоии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки тақвияти ҳамкори дар ин бахш метавонад дар ҳифзи марзи давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, муборизаи беамон бар зидди терорризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои фаромарзӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амнияту суботи сартосарии минтақа нақши фаъол дошта бошад.

Аз ҳамгироии минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Россия дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Идомаи мунтазаму бобарори муколамаҳои сатҳи баланди сиёсӣ ва наздикию мувофиқати нақш ва мақоми ду давлат дар бештари масоили минтақавию байналмилалӣ омили муҳими рушду густариши муносибатҳои манфиатбори стратегӣ арзёбӣ гардид.

Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ ва барои ҳар ду ҷониб баманфиат анҷом дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520