Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқболи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

27.02.2017 15:59, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо сафари расмии навбатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбари давлати ба мо дӯсту бародар, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Ба муносибати ташрифи меҳмони олимақом Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шиору навиштаҷоти шодбошӣ ва инъикосгари дӯстию муштаракоти қавии Тоҷикистону Россия оро дода шуда, ҳайати низомии Горди фахрӣ саф ороста буданд.

Хотиррасон мешавем, ки сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду давлат ҷараён гирифта, чорабиниҳои зиёди сатҳи баланди сиёсиро фаро мегирад. Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр худи ҳамин рӯз дар Қасри миллат баргузор мешавад. Дар доираи ин сафар аз ҷумла мулоқоти хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, музокироти сатҳи олии дуҷониба, имзои бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими байнидавлатӣ дар назар дошта шудааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520