Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

13.02.2017 16:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Гурбонгулӣ Маликгулиевич,

Ба муносибати пирӯзии комили Шумо дар интихоботи навбатии Президенти Туркманистон табрикоти самимии маро қабул фармоед.

Аз нав интихоб шудани Шумо ба ин маснади масъули давлатӣ баёнгари возеҳи эътимоди баланди мардум нисбат ба роҳи сиёсие мебошад, ки таҳти роҳбарии Шумо ба хотири шукуфоии бемайлони кишвар ва некуаҳволии мардуми он мавриди татбиқи амалӣ қарор дорад.

Итминон дорам, ки дар давраи нави фаъолияти президентии Шумо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Туркманистон минбаъд низ ба нафъи ду давлат ва мардумонашон таҳкиму рушд хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, Гурбонгулӣ Маликгулиевич, тансиҳатии комил ва комёбиҳои нав дар фаъолияти давлатиатон ва ба мардуми Туркманистон сулҳу ободӣ таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520