Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

18.01.2012 20:00, шаҳри Душанбе

Имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси васеъ роҳбарият ва аъзои ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мактабҳои олӣ, бонкҳо ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд.

Дар маҷлис натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар соли 2012 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои соли равон муайяну мушаххас карда шуд.

Дар оғози маҷлис оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2011 ҳисоботи Сарвазири кишвар Оқил Оқилов шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 30,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2010 5,4 миллиард зиёд аст. Афзоиши воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 7,4% расид. Ба буҷети давлатӣ бошад 8,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд. Таваррум ба 9,3% расид. Барои дастгирии бештари рушди соҳибкории хусусӣ 5,9 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо гардид, ки 49% он ба соҳибкорони истеҳсолӣ дода шудааст.

Сипас роҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисодӣ, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии омор, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ ва Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк шунида шуд. Таваҷҷуҳи махсус ба беҳсозии механизми ҳисоби маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, сатҳи таваррум, баҳисобгирии шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, иҷрои нақшаи тадбирҳо оид ба воридшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо, иҷрои босифати буҷет, фаъол намудани шабакаи ягонаи электронии миёни сохторҳои молия, андоз, гумрук ва Амонатбонк зоҳир карда шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар соли 2011 ҳаҷми пасандозҳои мардум 32,1% афзуда, шумораи пасандозгузорандагон танҳо дар Амонатбонк 110 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои мазкур доир ба беҳтар намудани фаъолияти онҳо супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки то охири семоҳаи якуми соли равон лоиҳаи Кодекси нави андоз ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Зимни ҳисоботи Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода ба роҳбарони сохторҳои марбута доир ба пурзўр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳо дар миёни наврасону ҷавонон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар ҳисоботи Раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта зимни 1335 тафтишу санҷиш ба андозаи 107,2 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуда, 75,5 миллиони он баргардонда шуд.

Сипас ҳисоботи роҳбарони Вазорати энергетика ва саноат, ШХСК Барқи Тоҷик, роҳбарони корхонаҳои бузурги саноатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои дахлдори давлатӣ дастур дод, ки барои соҳибкорони дохилию хориҷии истеҳсолӣ, ки технологияҳои муосир ворид сохта, ҷойҳои нави корӣ бунёд менамоянд, бо бартарафсозии монеаҳои бюрократӣ ва додани имтиёзҳо тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шавад.

Нимаи дуюми рўз роҳбарони вазорати нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, Кумитаи дин, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Хадамоти алоқа ва раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳолати роҳҳои миёни шаҳру ноҳияҳо ва маҳаллиро ғайриқаноатбахш номида, дастур дод, ки барои ислоҳи ин ҳолат тадбирҳои судбахш андешида шаванд.

Таъкид гардид, ки ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ҳамаҷониба кўмак расонда шавад.

Доир ба бартарафсозии камбудиҳои ҷиддии соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ низ супоришҳои мушаххас дода шуд, аз ҷумла оид ба беҳсозии сифати таълиму тарбияи насли наврас, ба низом даровардани тартиби таъини нафақаи маъюбӣ, беҳ намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва муомила бо беморон, таъмини пахши пурраи барномаҳои телевизион дар тамоми қаламрави кишвар, тарбияи хуби варзишгарони соҳибистеъдод ва ғайра.

Зимни ҳисоботи Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон қодири қосим, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки имсол дар қаламрави вилоят бо харҷи 43 миллион сомонӣ маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ 11 иншооти наву замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, бунёди даҳҳо иншооти дигар вусъат хоҳад ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои марбутаро вазифадор намуд, ки кишоварзони ин минтақаи дурдастро бо тухмии картошка, ғалладонагиҳо ва дигар маҳсулоти зарурӣ таъмин намоянд. ҳамчунин доир ба мустаҳкам намудани соҳили рўду дарёҳо, беҳсозии ҳолати роҳҳо ва хизматрасониҳои дигар ба мардум супоришҳои мушаххас дода шуд.

Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал зимни ҳисоботаш, аз ҷумла иттилоъ дод, ки соли 2011 нақшаи даромадҳо ба буҷети давлатӣ 106% иҷро гардида, ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ ба 8 миллиарду 51 миллион сомонӣ расид. Тибқи ҳисобот, соли гузашта дар қаламрави вилоят 42 корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла 6 корхонаи пахтатозакунӣ бо 2 ҳазор ҷойи корӣ бунёд ёфтааст. ҳамагӣ дар вилоят дар ин давра 44, 6 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё гардидааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи як қатор муассисаҳои соҳаи тандурустӣ дар вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ карда, дастур дод, ки барои ислоҳи ҳолати мавҷуда як барномаи давлатӣ бо тадбирҳои мушаххасу муассир таҳия ва пешниҳод карда шавад.

Дар вилояти Суғд бошад, тибқи ҳисоботи Раиси вилоят Қоҳир Расулзода соли 2011 65 корхонаи нави саноатӣ бо наздики 2 ҳазор ҷойи корӣ ба кор дароварда шуд ва 65 корхонаи дигар соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. Тибқи ҳисобот, маҳз дар натиҷаи ҳамин раванд тайи 3 соли охир ҳиссаи соҳибкорони хусусӣ дар маҷмўи маҳсулоти саноатии вилояти Суғд аз 23% ба 40% расидааст.

Нақшаи даромадҳо ба буҷети давлатӣ дар вилояти Суғд соли 2011 ба андозаи 109% иҷро шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки сохтмони оғозёфтаи иншооти сершумор дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва варзиш дар вилояти Суғд зери назорати доимӣ гирифта шавад ва бунёди дигар иншооти иҷтимоӣ вусъад дода шавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба раиси вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он барои фаъолияти ибратбахш арзи сипос намуда, ба роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио дастур дод, ки натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ин минтақаи кишвар тавассути барномаҳои телевизион чун намунаи ибрат намоиш дода шавад.

Ба раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ доир ба вусъат додани корҳои созандагию ободонӣ, баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

Зимни ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар пойтахт 18 корхонаи нави саноатӣ бо 300 ҷойи корӣ бунёд ёфт ва ҳоло ҳиссаи соҳибкорони хусусӣ дар маҷмуи маҳсулоти саноатии пойтахт 58%-ро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки доир ба тақвият додани тарбияи мактаббачагони синфҳои болоӣ, пурзўр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳуқуқшикании наврасону ҷавонон тадбирҳои муассир андешанд.

Зимни суханронии ҷамъбастии худ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳуриро дар соли 2011 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вазифаҳои минбаъдаро барои таъмини рушди бонизому бемайлони иқтисодиёту иҷтимоиёт муайяну мушаххас намуд.

Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки суръату вусъати корҳои созандагию бунёдкории соли 2011 бадастомада дар соли равон бояд боз ҳам бештар гардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520