Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Худоёрзода Худоёр Завқибек
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Худоёрзода Худоёр Завқибек 15 сентябри соли 1958 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ.

Соли 1982 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро бо ихтисоси “Иқтисодиёт ва ташкили нақлиёти автомобилӣ” хатм намудааст.    

Фаъолияти кориашро аз соли 1982 ба  ҳайси муҳандис-иқтисодчии муассисаи шабакаҳои электрикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  оғоз намуда, солҳои 1983-2005 дар вазифаҳои иқтисодчӣ, иқтисодчии калон, сардори автоколлонаи №1, сардори шӯъбаи банақшагирӣ, сардори шӯъбаи истифодабарӣ, директор ва директори генералии Муассисаи нақлиёти автомобилии №50-и шаҳри Хоруғ, Директори генералии ҶС “Помир – нақлиёт”, муовини аввали сардор ва сардори Идораи нақлиёти Помир кор кардааст.

Аз соли 2005 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Солҳои 2006-2011 муовини Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2011-2013 муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2013-2017  Раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон буд.

Солҳои 1994-1999, соли 2005 ва солҳои 2015-2016 вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, моҳи феврали соли 2014 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2017  Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо медали Хизмати шоиста ва медали ҷашни 20-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520