9 март бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Комплекси давлатии "Кохи Ваҳдат" дар ҷамъомад бахшида ба Солгарди панҷуми Аҳдномаи ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон ширкат намуд.
Зимни суханронии хеш Президенти мамлакат аз проблема ва пешомадҳои Аҳдномаи мазкур ва мавкеъи Шӯрои ҷамъиятии кишвар андешаронӣ намуд.
Аз ҷумла дар суханронии худ Президенти ҷумҳурӣ доир ба нақш ва мавқеи Шӯрои ҷамъиятӣ зикр намуд, ки: "Шӯрои ҷамъиятии ҷумҳурӣ қувваи бузурги созанда аст, ки ҳанӯз на ҳамаи вазифаҳои он иҷро шудаанд ва бояд қувваю имкониятҳояшро бо роҳи ҳамкории самарабахши ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои мустаҳкам намудани заминаи ҳаёти осоишта, суботи вазъияти иҷтимоӣ, созгории миллӣ ва афзун гардондани натиҷаҳои мусбати тараққиёти мустақилонаи давлат боз ҳам бештар истифода барад".
"Ҳукумати ҷумҳурӣ ба кӯмак ва мусоидати Шӯрои ҷамъиятии ҷумҳурӣ ва иштирокдорони Аҳдномаи ризоияти ҷомеа дар ҳалли проблемаҳои рӯзмарра ва масъалаҳои вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, нашъамандӣ, ба нақшагирии оила, такомули расму оинҳо, тақвияти одоби муошират, таъмини амнияти давлатию миллӣ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ дар баробари забони давлатӣ ва соҳаҳои дигар умедвор аст", - таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон .