Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи сафари расмӣ ба Давлати Қатар

07.05.2007 18:00, Қатар

Субҳи рӯзи 7 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи муваққатии худ дар шаҳри Давҳа як силсила мулоқотҳои муҳим бо роҳбарони сохторҳои сиёсӣ ва иқтисодию инвеститсионии Давлати Қатар анҷом дод.

Масоили ба роҳ мондани равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Қатар Муҳаммад ибни Муборак ал-Хулайфӣ баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо барқарории робитаҳои мунтазам ва ҳамкории босамари парлумониро матлуб арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор дошт: "ба назари ман парлумонҳо метавонанд ҳам дар ҳалли масоили дуҷониба ва ҳам густариши ҳамкории минтақавӣ ва байниминтақавӣ саҳми шоиста гиранд".

Мусоҳибон ҳамчунин атрофи мавзӯъҳои доғи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табодули назар карда, ҷонибдории худро аз истиқрори низоми одилона ва босуботи байналмилалӣ таъкид намуданд.

Масоили ҳамкории иқтисодӣ ва бонкию молиявии ду кишвар ба таври муфассал дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири молия ва иҷрокунандаи вазифаи Вазири иқтисод ва савдои Давлати Қатар Юсуф Ҳусейн Камол баррасӣ гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи мусоҳиби худро ба барномаҳои иқтисодӣ ва инфраструктурии кишвари мо ҷалб намуда, онҳоро дорои аҳамияти возеҳи минтақавӣ ва байниминтақавӣ номид.

Юсуф Ҳусейн Камол ба имкону захираҳои рушди иқтисодӣ ва сарватҳои бебаҳои табиии Тоҷикистон, аз ҷумла об, нерӯи арзони барқ, маъданҳои кӯҳӣ ва меваю сабзавот мароқ зоҳир намуда, изҳор дошт, ки сармоягузорони Давлати Қатарро ба ҳамкорӣ бо кишвари мо ташвиқ хоҳад кард.

Ӯ аз ҷумла таъкид намуд, ки тибқи супориши Амири давлат Шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ вазирони бахши иқтисодии Қатар бояд дар кӯтоҳтарин мӯҳлатҳо имконоти ба роҳ мондани ҳамкории васеъи иқтисодию инвеститсиониро бо Тоҷикистон омӯхта, ба ӯ пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд. "Аз ин хотир дар мӯҳлатҳои наздиктарин ҳайати бонуфузи Давлати Қатар бояд аз Тоҷикистон дидан кунад", афзуд Юсуф Ҳусейн Камол Вазири молия ва иҷрокунандаи вазифаи Вазири иқтисод ва савдои Давлати Қатар.

Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин бизнес-форуми Тоҷикистону Қатар иштирок намуд.

Форуми мазкурро Раиси Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар Шайх Халифа ибни Ҷосим оли Сонӣ ифтитоҳ намуда, бори дигар ҳавасмандии роҳбарият ва доираҳои иқтисодии кишварашро баҳри ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъкид кард ва суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст иброз дошт, ки зимни ин сафар ва бо ҳусни таваҷҷӯҳи Амири давлат Шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ заминаи мусоиди сиёсию ҳуқуқӣ барои таҳким ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байниминтақавӣ гузошта шуд ва афзуд, ки "мо аз ин имкону захираҳо бояд пурсамар истифода кунем".

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо қаноатмандӣ изҳор намуд, ки Амири давлат Шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ даъвати ҷониби моро барои боздид аз Тоҷикистон қабул намуд ва ташрифи ӯ дар наздиктарин мӯҳлатҳо бояд ба вуқӯъ пайвандад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба имконоти васеъу мусоиди ҳамкорӣ бо кишвари мо ҷалб карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки "мо тақрибан тамоми ашёи табиӣ ва стратегии аълосифат (об, замини ҳосилхез, тилло, нуқра, сангҳои қимматбаҳо, алюминий, пахта, пашм, меваю сабзавот), нерӯи арзони барқ, инфраструктураи зарурии муосир, нерӯи ақлонӣ ва кории соҳибихтисос, базаи ҳуқуқӣ ва нормативӣ ва омилҳои дигари муҳимро дорем ва бад-ин ҷиҳат амалан тамоми арсаҳо ва соҳаҳо барои равобити судманд мувофиқанд.

Дар ҷараёни форуми мазкур зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, суолу ҷавобҳо ва сӯҳбатҳои алоҳида ба самти бунёди муассисоти гуногуни зербиноӣ ва инфрасохторӣ - роҳҳо,тоннелҳо, пулҳо, қубурҳои об, нафт, газ, хаттҳои интиқоли барқ, туризм ва ғайра мароқ зоҳир гардид.

Аз рӯи натиҷаҳои форум ҳамчунин байни соҳибкорони ду кишвар як қатор мувофиқаҳои муҳим ба даст омаданд.

Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки бо маблағгузории Давлати Қатар дар Тоҷикистон як масҷиди бузурги беназир бо тарҳи замонавӣ ва бо назардошти аносири меъмории миллии тоҷикӣ бунёд меёбад, ки тӯҳфаи Роҳбари он давлат-Амир Шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ ба мусулмонони кишвари мо хоҳад буд.

Қобили таъкид аст, ки ҷараёни сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар дар воситаҳои ахбори умуми ин ва дигар кишварҳои минтақа васеъ инъикос гардид.

Бегоҳии рӯзи 7 май сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар ба поён расид ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Давҳа ба Теҳрон рафт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520