Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Президенти Тоҷикистон ва Амири Қатар аз ангурбоғи хоҷагии "Баракат"-и ноҳияи Ҳисор

28.08.2007 12:00, шаҳри Ҳисор

Сипас ҷиҳати шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами деҳқонону мутахассисони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ ба ноҳияи Ҳисор ташриф оварданд.

Аҳли заҳмати хоҷагӣ ва боғутокпарварони асил меҳмонони олимақомро бо табъи болида ва сарфарозӣ аз ташрифи эшон истиқбол гирифтанд.

Дар ангурбоғи хоҷагии "Баракат"-и ноҳияи Ҳисор Сарварони ду давлат Эмомалӣ Ра?мон ва Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ ба таҷрибаи пешқадами ангӯрпарварон ва навъҳои гуногуни ангӯри хушлаззат аз қабили "ҳусайнӣ", "ҷавз", "кишмиш", "тоифӣ" ва ғайра таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Дар ҳамин хоҷагӣ онҳо ҳамчунин галлаю рамаи аспу гӯсфандро мушоҳида карда, оид ба роҳҳои фоидаовари ҳамкорӣ дар бахши чорводорӣ ва истеҳсолу коркарди гӯшту шир мубодилаи афкор намуданд.

Аз табъи болида ва хушҳолии меҳмони олимақом - Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ ҳувайдо буд, ки табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва неъматҳои биҳиштии он ба ӯ бисёр писанд омад ва ин табиист, зеро ки иқлим ва релефи кишвари кӯҳистони мо аз боду ҳавои ниҳоят гарм ва шароити регистони нимҷазираи Араб куллан фарқ мекунад.

Бо ҳамин фазои фораму эҳсоси дӯстию бародарӣ ва омодагии устувор баҳри ташкил ва густариш додани ҳамкориҳои судбахш нахустин сафари расмии Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.

Дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе меҳмони олимақом - Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сониро, ки дирӯз бо сафари расмии ҷавобӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Ба ифтихори меҳмони олимақом дар фурӯдгоҳи пойтахт парчамҳои давлатии Тоҷикистону Қатар афрохта шуда, горди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон саф ороста буд.

Бояд тазаккур дод, ки Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сониро дар ин сафар ҳамсараш - Шайха Муза, ки дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишвари худ мақому манзалати баланд ва нақши намоён дорад, ҳамроҳӣ намуд.

Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ бо табъи болидаю тассуроти хуш аз сафари дурӯзаи худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Душанбе ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳо бо кишвари дигари мусулмонӣ - Ҷумҳурии Озарбойҷон ба шаҳри Боку сафар кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520