Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмии Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

27.08.2007 19:00, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рӯзи 27 август Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ бо сафари расмии ҷавобӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Тоҷикистону Қатар дорои умумиятҳои зиёди фарҳангӣ, анъанаҳои дӯстӣ ва эҳтироми байниҳамдигарӣ мебошанд.

Дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сониро, ки бори нахуст ба давлати мо ташриф овард, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.

Маросими истиқболи расмии Амири Давлати Қатар дар худи ҳамон ҷо дар фазои тантанавӣ баргузор гашт.

Ба ифтихори ташрифи расмии меҳмони олимақом дар фурӯдгоҳи пойтахт парчамҳои давлатии Тоҷикистону Қатар афрохта шуда, горди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон саф ороста буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сониро ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Фармондеҳи горди фахрӣ ба Амири Давлати Қатар гузориш дод ва сурудҳои миллии ҳарду давлат садо доданд.

Баъди гузориши фармондеҳи горди фахрӣ ва садо додани сурудҳои миллӣ сарварони Тоҷикистону Қатар Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ аз назди ҷузъҳои горди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт карданд. Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ Сарварони ду давлат ҷониби Парчами давлатии Тоҷикистон эҳтиром ба ҷо оварданд.

Маросими расмии истиқболи меҳмони олимақом бо шиносоии Сарварони Тоҷикистону Қатар бо ҳайатҳои расмии ду давлат ба поён расид.

Бояд тазаккур дод, ки Давлати Қатар яке аз кишварҳои хеле хурд, вале бисёр пешрафтаи Араб буда, дар қисмати шимолу шарқии нимҷазираи Арабистон ва соҳили ғарбии халиҷи Форс қарор дорад.

Таърихи равобити наздики Тоҷикистону Қатар аз сафари нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар, ки моҳи ноябри соли 2000-ум ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Сарони кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ ҷараён гирифта буд, оғоз мешавад.

Нахустин сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Ра?мон ба Давлати Қатар, ки моҳи майи соли равон сурат гирифта буд, ба таҳкиму густариши ин равобит такони ҷиддӣ бахшида, баҳри рушди ҳамкориҳои барои ҳарду кишвар манфиатбахш асоси воқеӣ гузошт.

Ба имзо расидани 4 санади муҳим дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, илму техника, саноат ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ва ҳамчунин аллакай баъди як ин сафар ба Тоҷикистон ташриф овардани ҳайати бонуфузи давлати Қатар худ гувоҳӣ аз омодагӣ ва ҳавасмандии ҳарду ҷониб баҳри густариши муносибатҳои нек дӯстию ҳамкорӣ аст.

Сафари расмии ҷавобии Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ бошад боз як шаҳодати возеҳу намоёни ҳусни нияти Роҳбарони аввал ва ҳукуматҳои ду кишвар баҳри инкишофи ҳамкориҳо аст.

Худи ҳамон рӯз дар қароргоҳи Ҳукумати мамлакат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қатар баргузор гашт.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ташрифи меҳмони олимақом изҳори хушҳолӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт: "боиси хушнудист, ки имрӯз мо дар шахси Шумо - бародари гиромӣ бори нахуст сарвари яке аз давлатҳои бонуфуз ва пешрафтаи на танҳо олами араб, балки тамоми минтақа ва уммати исломиро дар кишвари худ истиқбол менамоем" ва афзуд: "барои кишвари мо таҳкими равобиту ҳамкориҳои созанда бо мамолики араб, ки бо онҳо пайвандҳои наздик ва анъанаҳои дерини муносибот дорем, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлат аст".

Ҷонибҳо оид ба татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқие, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар моҳи майи соли равон ба имзо расида буданд ва дарёфти самту соҳаҳои нави ҳамкорӣ байни ду кишвар мубодилаи судманди афкор анҷом доданд.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, металлургияи сиёҳ ва ранга, истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфраструктураи туризм, сохтмони манзил, илму фар?анг ва маориф аз самтҳои афзалиятноки равобити судбахши ду кишвар маънидод гардид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз ҷониби Давлати Қатар як масҷиди бузург бо тарҳи замонавӣ ва бо назардошти унсурҳои меъмории миллию суннатӣ дар Душанбе бунёд карда шавад.

Ҳамчунин мувофиқат ба даст омад, ки байни ду кишвар хатти мустақими ҳавоӣ кушода шавад.

Ба комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ дастур дода шуд, ки дар мӯҳлатҳои наздик мулоқот намуда, самтҳои афзалиятнок ва роҳу равиши ҳамкориҳои минбаъдаро муайяну мушаххас намоянд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба таъмини пешрафти кишварҳои мусулмонии ақибмонда, расондани кӯмакҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба давлатҳои ҳамдини гирифтори бӯҳронҳои гуногуни сиёсӣ, аз қабили Афғонистон, ҳалли одилонаи масъалаи Шарқи Наздик ва Миёна ва доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар карда шуд.

Сӯҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ дар вохӯрии хоссаи як ба яки онҳо идома ёфт.

Роҳбарони давлатҳо омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои барои ҳарду кишвар манфиатбахш таъкид намуда, изҳори умеду боварӣ карданд, ки сафари нахустини Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оғози марҳилаи нави равобити дӯстонаи ду кишвар ва мардумони онҳо асоси боэътимод мегузорад.

Мулоқоти хоссаи як ба як дар фазои ҳусни тафоҳум ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.

Баъди анҷоми гуфтушунидҳои расмӣ маросими имзои созишномаҳо баргузор гашт, ки зимни он 4 санади муҳимми ҳамкорӣ ба имзо расид.

Зери Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сармоягузорӣ Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва Вазири молия, иқтисод ва савдои Қатар Юсуф Ҳусайн Камол имзо гузоштанд.

Созишнома байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар оид ба таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Қатар аз ҷониби Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саидов ва Вазири молия, иқтисод ва савдои Қатар Юсуф Ҳусайн Камол ба имзо расид.

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи асалпарвариро Раиси Корхонаи воҳиди давлатии "Асали Тоҷикистон" Талбӣ Шоев ва Раиси ширкати давлатии "ал-Мавошӣ"-и Давлати Қатар Султон Ҷавҳар Абдулло имзо намуданд.

Ба Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи чорводорӣ Раиси ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Маҳсулоти гӯштӣ"-и Тоҷикистон Наврӯз Комилов ва Раиси ширкати давлатии "ал-Мавошӣ"-и Давлати Қатар Султон Ҷавҳар Абдулло имзо гузоштанд.

Дар охири ин маросим дар фазои тантанавӣ Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба ҷудо намудани қитъаи замин ба ширкати сармоягузории "ад-Диёр"-и Давлати Қатар барои сохтмони биноҳои хуштарҳи истиқоматӣ тақдим карда шуд.

Бо ҳамин барномаи имрӯзаи сафари расмии Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.

Роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб аз натиҷаҳои рӯзи аввали барномаи сафари расмии Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид бар он доштанд, ки зимни ин сафар ба равобити судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ бахшида мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520