Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

03.02.2017 09:17, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот машварати корӣ доир карданд.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба вазъи боду ҳавои кишвар, бахусус боришоти шадиду беисти рӯзҳои охир равона гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба боришоти рӯзҳои охир ба масъулини сохторҳои дахлдор, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ супориш доданд, ки баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, амнияти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва шаҳрвандонро таъмин намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин доир ба вусъати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, таъмини амнияти роҳҳо ва нақлиёти заминӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Дар кори машварат ба роҳбарияти сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот супориш дода шуд, ки барои таъмини амнияти сартосарӣ, мубориза бо коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояту қонуншиканиҳо чораҷӯӣ намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520