Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикии Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

02.02.2017 17:58, шаҳри Душанбе

Имрӯз Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Шуморо ба муносибати 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Япония ва Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

Аз рӯзи истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои мо муносиботи ниҳоят хуб рушд мекунанд.

Моҳи октябри соли  2015 ба ҳайси Сарвазири Япония бори аввал ба Тоҷикистон ташриф овардам ва бо Шумо мулоқоти судманд анҷом додам, ки дар натиҷа мо барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун ақидаи ҳамсон пайдо намудем. Бо хушнудӣ зикр менамоям, ки сафари мазкур ба рушди муносибатҳои миёни кишварҳоямон такон бахшида, оид ба татбиқи мувофиқаҳо дар соҳаҳои густурда тадбирҳои минбаъд фаъолана андешида мешаванд.

Кишвари мо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар солҳои соҳибистиқлолии он пайваста дастгирӣ менамуд.

Мо ният дорем, ки дар оянда низ рушди сохтори давлатию ҷамъиятӣ ва ташаккули иқтисоди бозаргонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла рушди инфрасохтор, минтақаҳо ва омодасозии кадрҳоро дастгирӣ намоем.

Бо истифода аз фурсат, дар робита ба 25-умин солгарди рӯзи барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳоямон ман самимона рушд ва таҳкими робита миёни халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Японияро таманно дорам.

Ба идомаи ҳамкории фаъол бо Шумо, аз ҷумла дар доираи муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония»  умедворам.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон хушбахтӣ таманно менамоям».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520