Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

30.01.2017 19:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Президент,

Ба муносибати 25-умин солгарди роҳандозии робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозам ба Шумо табрикоти худро изҳор намоям.

Итминони комил дорам, ки муносибатҳои ҳарду кишвар, ки бо равобити фарҳангиву таърихӣ ва дар асоси эҳтироми тарафайн, баробариву манфиати муштарак бунёд ёфтаанд, дар оянда низ рушд хоҳанд кард.

Дар ин масир бори дигар таъкиди иродаи онро дорам, ки дар якҷоягӣ бо кишвари дусту бародари Тоҷикистон ояндаи дурахшонро бунёд хоҳем кард.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба Ҷаноби Олӣ саломативу хушбахтӣ орзу намуда, таманниёти беҳтаринамро ба мардуми Тоҷикистон мерасонам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520