Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд”

28.01.2017 14:34, шаҳри Душанбе

25 январи соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд” ба имзо расид.

Лоиҳаи қарори мазкур дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24 январи соли 2017 аз ҷониби аъзои Ҳукумат муҳокима ва тасдиқ гардид. Он аз 12 банд иборат буда, қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро муайян мекунад. Инчунин дар ин қарор муқаррароти умумӣ, навъу намудҳои раводид, номгӯйи ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводид ва раводиди электронӣ, муҳлати амали он, тартиб ва муҳлати баррасии дархостҳо, пардохти хироҷи консулӣ барои додани раводид ва асос барои рад кардани раводид, тасдиқи барасмиятдарорӣ ва додани тасдиқи даъват, тамдиди муҳлат, бекор ва барқарор кардани раводид, баҳисобгирии раводиди додашуда, ҷавобгарии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва номгӯйи давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, нишон дода шудааст.

Мақсади қабули қоидаҳои зикршуда мукаммал намудани низоми барасмиятдарорӣ ва додани раводид, раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мебошад, ки аз 1 июни соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда истодааст.

Дар қоидаҳои нав ҳамчунин як қатор дигаргуниҳо ворид шудаанд, ки барои содда намудани раванди гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва ҷалби сармоягузорон ва сайёҳони хориҷӣ равона шудааст. Аз ҷумла, дастрасӣ ба раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оила ва хешовандони наздики шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташрифи муваққатӣ содда карда шудааст. Илова бар ин, ҳайати сарнишинони ҳавоӣ, ки ба хазматрасонии ҳавопаймоҳо машғул мебошанд, метавонанд бидуни раводид дар асоси Эъломияи умумӣ мутобиқи талаботи ИКАО ворид ва хориҷ шаванд. Ҳамчунин ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводиди сармоягузорӣ соддатар ва фасеҳ шудаанд.

Низоми барасмиятдарорӣ ва додани раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд боз як иқдоми муҳим ҷиҳати ба роҳ андохтани хизматрасониҳои давлатии электронӣ мебошад. Илова бар ин, дар натиҷаи ҷорӣ намудани низоми нав тамоми нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо якдигар пайваст шуда, низоми ягонаи идоракуниро ташкил медиҳанд. Низоми мазкур ба ҳифзи амнияти миллӣ, пешгирии таҳдидҳо, мубориза бо терроризм ва экстремизм, инчунин пурзӯр намудани назорати муҳоҷирати шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард. Сатҳи хизматрасонии шабакаи иттилоотии электронӣ ба низоми додани раводиди шенгенӣ баробар мебошад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 22 декабри соли 2016 таъкид намуданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир менамояд ва барои рушди минбаъдаи он шароити зарурӣ фароҳам меорад. Қоидаҳои тасдиқшуда ҷиҳати васеъ намудани доира ва низоми электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ, идоракунии таҳияи раводиди электронӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи туризм дар тамоми қаламрави кишвар равона карда шудааст. Раводиди электронӣ ин як намуди раводиде мебошад, ки тариқи электронӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дода мешавад. Барои ба расмиятдарории раводиди электронӣ шаҳрвандони 78 давлате, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо бо таври содда додани раводидро муайян кардааст, метавонанд тавассути интернет бо пешниҳод намудани маълумотҳои дахлдор ва пардохти маблағ, раводиди худро тариқи почтаи электронӣ дастрас намоянд.

Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо баҳри дастрас кардани раводид шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва барои тамдиди раводид ба Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520