20 декабр сӯҳбати телефонии байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов доир гардид.
Сарони ду давлат ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳоро байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба таври созанда ва муфассал муҳокима карданд. Мавзӯи асосии сӯҳбати телефонӣ ҳамкории дуҷониба дар соҳаи сӯзишворию энергетика гардид.
Мусоҳибон ҳамчунин оид ба баъзе масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.