Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

27.04.2012 20:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумат баргузор гардид.

Дар маҷлиси навбатии Ҳукумат нахуст баъди баррасии муфассал Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодасозии саривақтии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба фаъолияти мунтазам ва босамар дар давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2012-2013 тасдиқ карда шуд.

Тамоми сохторҳои давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ вазифадор карда шуданд, ки доир ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва ба Ситоди ҷумҳуриявӣ ҳар моҳ ҳисобот пешниҳод намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои фаровон захира намудани маводи сӯхт, аз ҷумла ангишт, гази моеъ ва афзун намудани нуқтаҳои фурӯши онҳо ва ҳамчунин захираи озуқаворӣ барои аҳолӣ ва хӯроки чорво аз ҳозир чораҳои саривақтӣ амалӣ карда шаванд.

Сипас ҳисоботи Раиси шаҳри Исфара оид ба иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» шунида шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди бонизоми шаҳру деҳоти Исфара, азхуднамоии заминҳои мавзеи Моҳпарӣ, барқарорсозӣ ва бунёди корхонаҳои саноатӣ, васеъ намудани майдони боғот ва рушди сабзавоткорӣ, вусъат додани корҳо барои коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҷот ва хусусан меваи хушк ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ зоҳир карда шуд.

Дастур дода шуд, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017 таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Оид ба ҳолати назорат ва танзими фаъолияти нақлиёти автомобилӣ ҳисоботи Вазири нақлиёт шунида шуд. Зимни ҳисобот ба роҳбарони масъулони соҳа доир ба тармиму навсозӣ ва нигоҳдории босифати роҳҳои мошингард, пешгирӣ аз вайроншавии пеш аз мӯҳлати роҳҳои навбунёд ва таъмини рафтуомади бемонеаю доимии нақлиёти автомобилӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Як зумра барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои дастурӣ тасдиқ карда шуд. Барномаи миллии пешгирӣ аз паҳншавии нашамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017, Нақшаи генералии шаҳраки Оби Гарми шаҳри Роғун, Нақшаи генералии шаҳраки Файзободи ноҳияи Файзобод, Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015 аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ҳадафи асосии Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он, аз ҷумла кам кардани монеаҳои маъмурии фаъолияти сармоягузорӣ, соҳибкорӣ ва тиҷорат мебошад. Барномаи мазкур, ҳамчунин маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ барои додани қарҳои имтиёзнок ба соҳибкорони хурду миёнаи истеҳсолиро дар назар дорад. Афзалият ба соҳибкороне дода мешавад, ки дар соҳаи кишоварзӣ, коркарди саноатии маҳсулоти ин соҳа, сохтмони роҳу пулҳо ва нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, нобудсозии партовҳои саноатӣ ва маишӣ, ташкили омӯзиши касбҳои техникӣ, фаъолияти инноватсионӣ ва туризм иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои корӣ муҳайё месозанд.

Лоиҳаи як зумра қонунҳо ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи чанд қонуни дигар доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои амалкунандаи қонунгузорӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла, ба қонунҳо «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», «Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо» пешниҳод карда шуд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон содироти ангишт ба хориҷи кишвар аз 1 – уми майи соли 2012 манъ карда шуд.

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Белорус оид ба фаъолияти муваққатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чанд санади дигари ҳамкории хориҷӣ тасдиқ карда шуд.

Дар охири маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро, ҳамчунин ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо доир ба иҷрои супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар зикргардида ҷалб намуда, дар назди роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520