Нимаи якуми 22 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар "Конгресс-сентр"-и шаҳри Прага бо Сарвазири Италия Силвио Берлускони мулоқот дошт.
Зимни сӯҳбати 40-дақиқагӣ мусоҳибон оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва проблемаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.