20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Прага омад.
Шоми худи ҳамин рӯз Сарвари давлати Тоҷикистон бо роҳбарони Иттиҳоди соҳибкорон ва Палатаи савдои Чехия, Бонки содиротии Чехия, ширкати автомобилсозии "Шкода", заводи мошинсозии "Кошитсе" мулоқоти самарабахш дошт. Зимни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони доираҳои соҳибкории Чехия соҳаҳо, самтҳо ва шароити инкишофи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни ду кишварро ба таври мушаххас баррасӣ намуданд.