15 ноябр бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармон "Дар бораи сарфарозгардонӣ бо медали ҷашнии 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум)" ба тасвиб расид, ки мутобиқи фармони мазкур якчанд шахсиятҳои шинохта барои хизматҳо дар пойдории давлати тоҷикон, сулҳу ваҳдат, татбиқ намудани дигаргунисозиҳои демократӣ дар ҳаёт ва саҳми арзанда дар рушди иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоиёт, илму маориф, фарҳангу санъат, барои комёбиҳои меҳнатӣ дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ бо медали ҷашнии 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) сарфароз гардиданд.