Нимаи дуюми 2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонишини Раиси Ҳукумати интиқолии Афғонистон Ҳидоят Амин Арсалоро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи Афғонистон, икдомҳои Ҳукумати интиқолии ин кишвар ба сӯи таҳкими раванди сулҳ ва мушкилиҳои он мубодилаи афкор карданд. Мусоҳибон ҳамчунин дурнамои ҳамкории дуҷониба ва саҳми Тоҷикистонро ба барқарорсозии баъдиҷангии ин давлати ҳамсоя баррасӣ намуданд.