29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Колхозобод, Қумсангир ва Қубодиёни вилояти Хатлон сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.
Сарвари давлат ҳисоботи раисони ноҳияҳои номбурдаро оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили пахта ва ҷараёни кишту кори тирамоҳӣ шунид. Дар ин робита Сарвари давлат роҳбарияти ноҳияҳои мазкурро вазифадор кард, ки бобати ҳарчи зудтар ғунучин намудани ҳосили рӯёнидашуда ва ҳамчунин ба чинакчиён сари вақт додани ҳаққи пахтаи ҷамъоваригардида, чораҳо бинанд.
Дар ҷараёни сӯҳбати телефонӣ оиди омодагиҳо ба мавсими зимистонгузаронӣ эътибори махсус дода шуд.
Шоми 30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири ҳамкории байналмилалӣ ва рушди Шоҳигарии Шветсия Ян Улов Карлсонро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Мусоҳибон ҳамчунин ба вазъи минтақа ва Афғонистон диққати калон доданд.