23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон "Дар бораи зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия"-ро имзо кард.
Мувофиқи фармони мазкур аз 1 апрели соли 2003 маоши вазифавӣ ва ставкаҳои амалкунандаи тарифии кормандони муасиссаҳо ва ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, бе дарназардошти музди меҳнати ҳадди ақал 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Ҳамчунин аз 1 апрели соли 2003 андозаҳои ҷории нафақаҳо ва стипендияҳо низ 20 фоиз зиёд карда мешавад.