18 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори Хадамоти федералии амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушевро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқоти дӯстона тарафҳо оид ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва вазъи Афғонистон мубодилаи афкор карданд. Мусоҳибон омодагии худро ба идомаи ҳамкорӣ дар бобати дастгирии барқарорсозии баъдиҷангии ин кишвар таъкид карданд.