11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз ноҳияҳои серсоҳаи вилояти Суғд - Нов ташриф овард.
Сарвари давлат дар кооперативи иҷоравии "Тоҷикистон" бо роҳбарони хоҷагиҳо ва деҳқонони соҳибтаҷриба мулоқот намуд.
Дар рафти сӯҳбати ошкорою самимӣ, Сарвари давлат оид ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар роҳи беҳдошти шароити моддиву маънавии хоҷагии халқи кишвар маълумот дода, ҳамчунин баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, ба роҳ мондани парвариши навъҳои гусфандҳои қароқулӣ ва бунёдкориву ободонӣ ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид дод.