11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ғончӣ сафар намуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии "Дӯстии халқҳо" омада, бо рафти корҳои саҳроӣ шинос шуд. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар пахтазори бригадаи Амирҷон Ашӯралиев ҷараёни ғунучини ҳосилро аз назар гузаронд. Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ин хоҷагӣ заҳматкашонро ба баланд бардоштани ҳосилнокии зироат ҳидоят намуд.