10 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросимҳои тантанавии ҷашни 2500-солагии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ба ин шаҳри таърихи қадимадошта омад.
Баъди маросими гулгузорӣ дар майдони "Ситораҳои Истаравшан" дар қасри фарҳанги шаҳр ба муносибати 2500-солагии Истаравшан маҷлиси ботантана баргузор шуд.
Дар маҷлис Сарвари давлат суханронӣ намуда, ҳамаи меҳмонон ва иштирокчиёни маҷлисро хайрамақдам гуфт ва изҳори боварӣ намуд, ки таҷлили 2500-солагии Истаравшан дергоҳ аз хотири онҳо фаромӯш нахоҳад шуд, зеро; - "он барои ҳамаи сокинони Тоҷикистон воқеаи таърихӣ мебошад"- гуфт Эмомалӣ Раҳмон
Сарвари давлат дар бораи дастовардҳои Истаравшан сухан ронда, изҳори умед кард, ки сокинони он дар оянда ҳам барои ободии шаҳри худ, ҳифзи арзишҳо ва расму оинҳои таърихӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Сарвари давлат осорхонаи кишваршиносии шаҳри Истаравшанро тамошо кард. Осорхонаи мазкур ҳанӯз соли 1968 таъсис ёфта буд ва дар он беш аз 4 ҳазор намуна гирд оварда шудааст.
Таваҷҷӯҳи Эмомалӣ Раҳмонро бештар корҳои ободиву созандагии ин осорхона ҷалб намуд.
Бахшида ба ин санаи фархундаи таърихии Истаравшани бостонӣ ҳунармандони шаҳр дар фосилаи беш аз дувуним ҳазор метр маҳсули дастони мӯъҷизовари худро маърази тамошобинон гузоштанд, ки ба он Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дод. Дар теппаи Муғ, ки осори давраи қадим ба шумор меравад, бахшида ба 2500-солагии Истаравшан барномаи театрикунонидашудаи устодони ҳунар ва ҳаваскорони санъат доир гардид.