3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса Галузо де Вилпенро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот тарафҳо оид ба вазъи Афғонистон ва минтақа, ҳамчунин дурнамои муносибатҳои дуҷониба мубодилаи афкор карданд. Мусоҳибон зарурати ҳамкории бисёрҷонибаро дар доираи СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ таъкид намуданд.
Вазири Фаронса ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шахсии сарвари давлати Фаронсаро тақдим намуд, ки мӯҳтавои он аз даъвати ташрифи расмии Сарвари давлати Тоҷикистон ба ин кишвар иборат буд.