Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷудо намудани маблағ ба ноҳияи Рашт

08.08.2002 14:00, шаҳри Душанбе

8 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амр содир намуд, ки тибқи он аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Сарвари давлат ба ноҳияи Рашт 120000 (як саду бист ҳазор) сомонӣ, аз ҷумла барои таъмини бинои Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Навобод 100 ҳазор сомонӣ ва барои таъмири Бинои маркази ҷавонони ҳамин шаҳрак 20 (бист) ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Ҳамзамон ҳукумати ноҳияи Рашт вазифадор гардид, ки истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои ҷудошударо таъмин намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти марбута манзур намояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520