3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб" ба имзо расонд, ки мувофиқи нақша бояд ин санаи таърихӣ моҳи сентябри соли 2005 дар шаҳри Кӯлоб таҷлил гардад.