2 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Норвегия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кувинд Нордсветтенро қабул намуд.
Зимни сӯҳбати баъди анҷоми маросими супоридани эътимоднома доиргардида мусоҳибон оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои инкишофи муносибатҳои дуҷониба, ҳамчунин масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи афкор карданд.