18 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ректори Донишкадаи сулҳи СММ, собиқ ҷонишини Котиби генералии СММ Мартин Лизро, ки ҷиҳати иштирок дар конфронси байналмилали "Собиқаҳои раванди сулҳофарии Тоҷикистон барои Афғонистон" ба кишвари мо омадааст, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот роҳҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ мавриди баррасӣ гардиданд. Мусоҳибон ба ҳамкории байни Тоҷикистон ва СММ дар соҳаи таҳияи барномаҳои таълимӣ диққати ҷиддӣ доданд.