ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 23 январи соли 2017 №19
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини Вазири корҳои
дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани
генерал-майори милитсия Солеҳзода И.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон