27 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Бангладеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдус Саламро қабул кард.
Баъди анҷоми маросими супоридани эътимоднома Сарвари давлат ва Сафири Бангладеш дар бораи дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи афкор карданд.
Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои минтақа ва хусусан Афғонистонро баррасӣ намуданд.