11 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Шӯрои амнияти ҷумҳуриро оид ба "Вазъияти риояи қонун дар вилояти Хатлон ва фаъолияти мақомоти муҳофизи қонун ва сохторҳои қудратӣ дар ин самт" доир намуд.
Шӯрои амният аз рӯи натиҷаҳои муҳокимаи ҳамаҷонибаи ин масъала хулоса баровард, ки фаъолияти ҳукумати вилоят, ҳукумати шаҳрҳою ноҳияҳо ва мақомоти муҳофизи қонуни онҳо дар бобати мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи қонун ва ташкили мубориза ба муқобили ҷиноят ва қонуншиканиҳо мувофиқи талаб намебошад.
Ба мақсад мувофиқ дониста шуд, ки фаъолияти Шӯроҳои ҳамоҳангсози мубориза ба муқобили ҷиноят ва мустаҳкам кардани қонун дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилоят беҳтар карда шавад.