27 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафти корҳои саҳроӣ ба ноҳияи Ленин рафт.
Эмомалӣ Раҳмон сафари кории худро аз шиносоӣ бо фаъолияти иҷоракор А. Мансуров оғоз намуд. Ин деҳқони соҳибтаҷриба 23 сотих заминро бо аҳли оилааш ба иҷора гирифта, дар он ба парвариши беш аз 18 намуди маҳсулот машғул буда, ҳар сол то 6 ҳосил меғундорад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии заҳматкашони хоҷагиҳои ба номи Т. Ӯлҷабоев ва "Россия" атрофи масоили гуногуни ҳаёти имрӯза мубодилаи афкор намуд.
Эмомалӣ Раҳмон перомуни мавзӯъҳои вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, ба хусус ривоҷи пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, масоили демографӣ ва танзими оила дар рушди устувори ҷомеа, расму ойинҳои миллӣ, амнияти шаҳрвандон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва масъалаҳои дигар дахл намуд.
Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз мактаб-парваришгоҳи ба номи Б. Ғафурови ноҳия боздид намуд.
Мактаби мазкур соли 1964 ҳамчун муассисаи ҷумҳуриявӣ таъсис ёфта буд ва имрӯз он пурра дар тобеияти ноҳия қарор дорад. Таҳсил бо забонҳои тоҷикиву русӣ ба роҳ монда шуда, 95 нафар омӯзгор ва табиб ба таълиму табобати хонандагон машғуланд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни шиносоӣ бо вазъи рӯзгор ва фаъолияти сокинони ҷамоати деҳоти Зайнабобод аз муассисаи табобатии он боздид намуд. Дар дармонгоҳи тиббии ин ҷамоат 17 нафар духтур ва ҳамшираҳои шафқат қариб ба 15 ҳазор сокинон хизмат мерасонанд.
Сарвари давлат ба масъалаҳои таъмини марказ бо дору, таҷҳизоти тиббӣ, мавзӯъҳои танзими оила, демографӣ ва пардохти саривақтии маоши кормандони соҳа ва дастгирии онҳо дахл намуд.
Натиҷаи боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагиву муассисаҳо дар маҷлиси фаъолони ноҳия мавриди баррасии амиқ ва муфассал қарор гирифт. Дар ҷаласа таҳти раёсати Сардори давлат вазъи кунунии иҷтимоиву иқтисодии ноҳия таҳлил гардида, камбудиҳои ҷойдошта ошкор ва самтҳои минбаъдаи тараққиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ муайян гардиданд.