Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

18.04.2002 14:00, шаҳри Душанбе

18 апрел байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ баргузор шуд.

Дар доираи машваратҳои сиёсии анъанавии Тоҷикистону Россия диққати махсус ба масъалаҳои инкишофи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба дар чорчӯбаи ИДМ дода шуд.

Роҳбарони ду давлат оид ба вазъи кунунии минтақа ва Афғонистон, инкишофи раванди сулҳ ва дурнамои ба низом даровардани минбаъдаи вазъият дар ин кишвар мубодилаи афкор карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520