Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ба муомилот баровардани вомбаргҳои давлатии бурдноки соли 2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.03.2002 17:00, шаҳри Душанбе

30 март Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ба муомилот баровардани вомбаргҳои давлатии бурдноки соли 2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки аз 1 апрели соли 2002 вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки соли 2002 Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба маблағи 3 (се) миллион сомонӣ ба мӯҳлати 10 сол барорад;

 Аз 1 апрели соли 2002 иваз намудани вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки соли 1996 Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд;

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" - ро ҳамчун агент оид ба нигоҳдорӣ, ҷойгиронӣ ва хизматрасонии вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки соли 2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520