26 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аъзои ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъорро бо сарварии Роберт Кристиансен ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо оид ба ҳамкории минбаъдаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ХБА мубодилаи афкор карданд. Дар ин робита таваҷҷӯҳи махсус ба баррасии нақшаи амалҳо ҷиҳати таҳия ва татбиқи барномаи иқтисодии сесолаи нав оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ҳавасмандии рушди иқтисодии Тоҷикистон таҳти сарпарастии ХБА зоҳир карда шуд.