19 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Полша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зенон Кухчакро қабул кард.
Зимни сӯҳбати баъди маросими расмии супоридани эътимоднома доир гардида ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Полша, ҳамчунин дигар масъалаҳои дорои хусусияти минтақавӣ ва глобалӣ мубодилаи афкор карданд.