Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати ҳарбии олимақоми Ҷумҳурии Фаронсаро бо сарварии сардори Ситоди қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар Жан-Пер Келш

21.01.2002 16:00, шаҳри Душанбе

21 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати ҳарбии олимақоми Ҷумҳурии Фаронсаро бо сарварии сардори Ситоди қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар Жан-Пер Келш ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти дӯстона ҷонибҳо як қатор масъалаҳои дорои хусусияти дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ намуданд.

Мусоҳибон ба мавзӯи ҳамкории ҳарбию техникии Тоҷикистону Фаронса диққати махсус доданд.

Ҷонибҳо якдилона таъкид сохтанд, ки барқарорсозии баъдиҷангии Афғонистон бояд омили муҳимми субот ва тараққиёт на танҳо дар минтақаи Осиё, балки дар миқёси васеътар гардад. Ҳамчунин оид ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза зидди терроризми глобалӣ ва дигар таҳдидҳои нави замон мубодилаи афкор сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520