18 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳайати мушовараи Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.
Сардори давлат зимни суханрониаш дар бораи вазъияти минтақа ва сарҳади давлатӣ сухан ронда, самтҳои асосӣ ва барномаи тадбирҳои муҳимтарини ислоҳот ва беҳбудии кулии фаъолияти Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро то давраи 1 апрели соли 2002 дар таъмини муҳофизат ва амнияти миллӣ дар сарҳади давлатии ҷумҳурӣ, аз ҷумла аттестатсияи кормандони онро арзёбӣ намуд.