12 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони худ Генерал-лейтенант Камолов Сайданварро бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намуд.
12 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ Генерал-майор Азимов Абдураҳмонро ба вазифаи фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуд.
12 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон имзо гузошт, ки тибқи он Машрафов Хол бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.