Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

08.12.2003 12:00

8 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи талаботи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳои муҳимму ҷавобгӯи талаботи замонро ба имзо расонид.

Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)" аз қабили онҳост.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ" 4 июни соли 2003 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва 21 ноябри соли 2003 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шудааст.

Қонуни мазкур аз 7 боб ва 21 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқии ташкил ва пешбурди хоҷагии ёрирасони шахсиро аз тарафи шаҳрвандон ва ҳамчунин чораҳои аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ дастгирӣ кардани онҳоро муайян мекунад. Қонун ҳамчунин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташкил кардани хоҷагии ёрирасони шахсӣ, мустақилияти хоҷагӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонеро, ки дорои хоҷагии ёрирасони шахсӣ мебошанд, кафолат медиҳад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" 30 июни соли 2003 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва 21 ноябри соли 2003 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шудааст.

Қонуни мазкур аз муқаддима, 8 боб ва 39 модда иборат буда, сиёсати давлатро дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ муайян намуда, ба фароҳам овардани шароит дар таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар шахс барои дарёфти таҳсилоти олии касбӣ нигаронида шудааст. Қонун ҳамчунин кафолатҳои давлатиро дар ин соҳа муқаррар намуда, масъалаҳои худмухтории муассисаҳои олии таълимӣ, вазъи ҳуқуқӣ, навъ ва номгӯи онҳо, озодиҳои академӣ, системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро танзим мекунад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" 22 октябри соли 2003 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қироати дуюм қабул ва 21 ноябри соли 2003 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шудааст.

Қонуни мазкур аз 11 боб ва 81 модда иборат буда, мафҳум ва намудҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян, тартиби умумии таҳия, нашр, амал, тафсир, танзими таносуби онҳо ва ҳалли ихтилофҳои ҳуқуқиро муқаррар мекунад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)" 5 ноябри соли 2003 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва 21 ноябри соли 2003 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шудааст.

Қонуни мазкур аз муқаддима ва 21 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқию ташкилии муборизаро бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян, субъектҳои мубориза бар зидди экстремизм, доираи салоҳияти онҳо, тартиби ошкор ва пешгирии фаъолияти экстремистӣ ва масъулияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва воситаҳои ахбори оммаро барои амалигардонии фаъолияти экстремистӣ ва паҳн кардани маводи экстремистӣ муқаррар мекунад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520