Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи тартиб ва миқдори расонидани кӯмаки яквақтаинаи моддӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

02.12.2003 10:00

2 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи тартиб ва миқдори расонидани кӯмаки яквақтаинаи моддӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба имзо расонид.

Тибқи Қарори мазкур аз 1 январи соли 2004 ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кӯмаки моддии яквақтаина ва додани қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми зерин муайян карда шуд: 300 сомонӣ барои ҳар як шахси фавтида; 100 сомонӣ ба сардори оила ва 50 сомонӣ ба ҳар як аъзои оила; 300 сомонӣ ба ҳар оила барои таъмири манзили истиқоматӣ, ки қисман вайрон шудааст; 1000 сомонӣ ба ҳар оила барои таъмири манзили истиқоматӣ, ки пурра вайрон шудааст; 1500 сомонӣ қарзи имтиёзнок ба мӯҳлати 5 сол ба ҳар як оила.

Мувофиқи Қарор раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо вазифадор гаштанд, ки дар мавриди руҳ додани ҳолатҳои фавқулодда оиди талафоти моддиву молӣ маълумотнома ва оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои истифодашуда ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда иттилоот пешниҳод намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520