Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.11.2003 14:00, шаҳри Душанбе

28 ноябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҷаласаи навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис қарорҳои дорои хусусияти стратегӣ ва барномавӣ қабул гардиданд.

Дар ҷараёни маҷлис ба рафти иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда диққати махсус дода шуд. Аз ҷумла масъалаҳои марбут ба тадбирҳои иҷрои фармони Президенти ҷумҳурӣ аз 4 ноябри соли равон дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, нафақахӯрон, оилаҳои камбизоат ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ, рафти иҷрои қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 12 октябри соли 2000 "Дар бораи барномаи тараққиёти ноҳияҳои Совет ва Балҷувони вилояти Хатлон дар давоми солҳои 2001-2005" мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Эмомалӣ Раҳмонов талаб кард, ки вазъияти ғайриқаноатбахши бо газ таъмин намудани аҳолӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон ҳарчи зудтар ислоҳ карда шавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520