10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Рушд (БОР) Тадао Чино мулоқот дошт.
Зимни сӯҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону БОР-ро баррасӣ намуданд. Мусоҳибон оид ба самтҳои асосӣ ва афзалиятноки инкишофи муносибатҳои самарабахш мубодилаи афкор намуданд.