4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармонро "Дар бораи тадбирҳои тақвияти сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия" ба имзо расонид.
Фармон бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ, тақвият додани ҳавасмандкунии нақши музди меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расонида шуд.
Тибқи Фармони мазкур аз 1 январи соли 2004 музди меҳнати ҳадди ақал дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва нафақаи ҳадди ақал ба андозаи 7 сомонӣ дар як моҳ муқарар, маоши вазифавӣ ва ставкаҳои амалкунандаи тарифии кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузори мешаванд (аз ҷумла маош барои рутбаҳои ҳарбии (махсус) хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти идораҳои қудратӣ), андозаи ҷории стипендияҳо ва нафақаи меҳнатии нафақахӯрон ба андозаи 25 фоиз зиёд карда шуд.