1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боао бо раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Чин Вэн Тсзябао мулоқот дошт.
Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун дурнамои нек доранд. Дар ин робита Эмомалӣ Раҳмон ва Вэн Тсзябао имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодиро дар Тоҷикистон дар соҳаи роҳсозӣ, сохтмони иншооти гидроэнергетика ва истихроҷи газ ва нафт баррасӣ намуданд.