26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии моҳи шарифи рамазон табрик гуфт.
Дар паёми табрикии Сардори давлат омадааст, ки ҳар як фарди мусулмон дар ин моҳ мехоҳад ахлоқу одоби худро беҳтар кунад, имони худро тақвият диҳад, ба шахсони дармондаву фақир кумакҳо расонад.
Ҳукумати мамлакат пайваста дар кӯшиши он аст, ки оромию амниятро таҳким бахшад, зиндагии мардумро осуда гардонад, пешрафти иқтисодиёти миллатро таъмин намояд.