25 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2004" ба имзо расонид.
Қарори мазкур бо мақсади ташкили истироҳат ва солимгардонии кӯдакону наврасон ба имзо расонида шуд.
Тибқи қарор раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ вазифадор гаштанд, ки барои дар соли 2004 самаранок ташкил намудани истироҳати тобистона ва солимгардонии кӯдакону наврасон дар лагеру минтақаҳои истироҳатӣ дар буҷет маблағҳои заруриро ҷудо намоянд.